Баргузории синфҳои омӯзишии роҳҳои пешгирӣ аз ибтило ба бемории корона дар Тоҷикистон
Ҳудуди 50 ҳазор пизишк ва парсатор дар Тоҷикистон роҳҳои сироят, пешгирӣ ва дармони бемории коронаро омузиш диданд.
Ба гузориши Спутник, Вазорати тандурустии Тоҷикистон гузориш дод, мақомот ва коркунони ин вазоратхона, ҳамчунон иқдомоти лозимро барои ҷилавгири аз шуюи корона дар кишварро иҷро мекунанд.
Вазорати тандурустии Тоҷикистон, бар асоси тавсияҳо ва дастуруламалҳои Созмони ҷаҳонии беҳдошт, давраҳои вижаеро барои омӯзиши роҳҳои сироят, пешгирӣ ва дармони бемории корона барои 50 ҳазор пизишк ва парастор бургузор кард.
Вазорати тандурустии Тоҷикистон ҳамчунин токунун 112 давраи омӯзишӣ, 226 ҷаласаи иттилорасонӣ ва ҳудуди 2 ҳазор мушовираи кориро дар мавриди роҳҳои пешгирӣ аз корона ва соири уфунатҳои вирусӣ, низ баргузор кардааст.
Токунун ҳудуди 5000 ҳазор баргаҳои омузишӣ ва иттилорасонӣ в 800 китобчаи роҳнамоӣ бо мавзӯи бемории корона ҳам дар байни сокинони манотиқи мухталифи Тоҷикистон тавзеъ шудааст.