Апрел 24, 2020 21:11 Asia/Dushanbe
  • Ҳушдори ҷунбиши “Ватандор” дар бораи густариши вируси корона дар Тоҷикистон

Ҷунбиши мухолифи ҳукумати Тоҷикистон, мавсум ба “Ватандор” муътақид аст, ки давлати ин кишвар вуҷуди вируси корона дар ин ҷумҳуриро пинҳон мекунад, ки ин амр метавонад паёмадҳои ногуворе дошта бошад.

Ҷунбиши “Ватандор” дар баёнияе, ки дар сафҳаи Фейсбуки худ мунташир карда, таъкид кардааст, ки вируси корона дар Тоҷикистон вуҷуд дорад, вале Вазорати тандурустии ин кишвар воқеиятро ба мардум эълом намекунад.

Ҷунбиши “Ватандор” дар ин баёния изҳороти мақомоти Вазорати тандурустӣ мабнӣ бар афзоиши маргумири афрод дар Тоҷикистонро бар асари бемории илтиҳоби шуш зери суол бурда менависад: Дар аксари мавориди фавти рӯзонаи афрод, иллати ин ҳодиса илтиҳоби фаслии шуш унвон мешавад, аммо пизишкон бо либосҳои бемористонӣ ва таҷҳизоти ҳифозатӣ ҳатто иҷозаи бахоксупории ҷанозаро намедиҳанд ва худ ба дафни аҷсод мепардозанд.

Бар асоси ин баёния, аз сӯи дигар аъзои хонаводаи афроди фавтида қарантина мешаванд, ки иддаои мақомот мабнӣ бар илтиҳоби шуш будани далели даргузашти наздикони ононро зери суол мебарад.

Ҷунбиши “Ватандор” аз ҳукумати Тоҷикистон дархост кардааст, ки бо бастани роҳи Душанбе ва Хуҷанд, таътилии марокизи омӯзишӣ, бозорҳо ва марокизи тиҷорӣ ва эъломи қарантинаи саросарӣ, аз густариши бештари ин маризӣ ҷилавгирӣ кунад.

 

Барчасп