Апрел 25, 2020 11:56 Asia/Dushanbe
  • Таҳвили кӯмакҳои пизишкӣ ва беҳдоштии Швейтсария ба мақомоти тоҷик

Яке аз созмонҳои беҳдоштии Швейтсария маҳмулаи кӯмакҳои беҳдоштиро ба дафтари Кумитаи шароити изтирорӣ ва дифои ғайринизомии минтақаи Хатлон таҳвил дод.

Ба нақл аз Спутник ва Кумитаи шароити изтирорӣ ва дифои ғайринизомии Тоҷикистон, Швейтсария барои кӯмак ба давлати Тоҷикистон, барои иҷрои иқдомоти пешгирона аз хурӯҷи коронавирус, маҳмулаи маводи зиддиуфуникунандаро ба Тоҷикистон таҳвил дод.

Агентии Кумитаи шароити изтироӣ ва дифои ғайринизомии Тоҷикистон эълом кард, зиддиуфуникунандаҳо (хлор, спирт) ва спрейҳо ба бахши имдод таҳвил дода шуд.

 

Барчасп