Таҳвили кӯмакҳои пизишкӣ ва беҳдоштии Швейтсария ба мақомоти тоҷик
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i53007-Таҳвили_кӯмакҳои_пизишкӣ_ва_беҳдоштии_Швейтсария_ба_мақомоти_тоҷик
Яке аз созмонҳои беҳдоштии Швейтсария маҳмулаи кӯмакҳои беҳдоштиро ба дафтари Кумитаи шароити изтирорӣ ва дифои ғайринизомии минтақаи Хатлон таҳвил дод.
(last modified 2025-09-23T05:42:19+00:00 )
Апрел 25, 2020 11:56 Asia/Dushanbe
  • Таҳвили кӯмакҳои пизишкӣ ва беҳдоштии Швейтсария ба мақомоти тоҷик

Яке аз созмонҳои беҳдоштии Швейтсария маҳмулаи кӯмакҳои беҳдоштиро ба дафтари Кумитаи шароити изтирорӣ ва дифои ғайринизомии минтақаи Хатлон таҳвил дод.

Ба нақл аз Спутник ва Кумитаи шароити изтирорӣ ва дифои ғайринизомии Тоҷикистон, Швейтсария барои кӯмак ба давлати Тоҷикистон, барои иҷрои иқдомоти пешгирона аз хурӯҷи коронавирус, маҳмулаи маводи зиддиуфуникунандаро ба Тоҷикистон таҳвил дод.

Агентии Кумитаи шароити изтироӣ ва дифои ғайринизомии Тоҷикистон эълом кард, зиддиуфуникунандаҳо (хлор, спирт) ва спрейҳо ба бахши имдод таҳвил дода шуд.