Апрел 25, 2020 21:21 Asia/Dushanbe
  • Посухи Вазорати тандурустии Тоҷикистон ба дархости Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандии ин кишвар

Вазорати тандурустии Тоҷикистон ба дархости Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандии ин кишвар дар бораи вазъияти дармонӣ дар пайи густариши вируси корона посух дод.

Ба нақл аз сомонаи Авесто, дар баёнияи ин ҷомеа, аз мақомоти Вазорати тандурустии Тоҷикистон дархост шуда буд, ки дар бораи мавриди итминон будани тестҳои ташҳиси вируси корона сохти Русия ва Чин ва чигунагии ирсоли натоиҷи озмоишҳои анҷомшуда рӯйи афроди машкук ба ин беморӣ ба Англис тавзеҳ диҳанд.

Дар номаи расмии Вазорати тандурустии Тоҷикистон, ки бо имзои Мирҳамуддин Камолзода- муовини вазир мунташир шудааст таъкид мешавад: Дар кишвар вазъияти беҳдоштӣ ва дармонӣ ҷойи нигаронӣ надорад, зеро тайи се моҳи нахусти соли ҷорӣ 5 ҳазору 13 мавриди ибтило ба илтиҳоби шуш расман сабт шуда, ки дар муқоиса бо давраи мушобеҳи соли қабл камтар мебошад. Ҳамчунин мавориди ибтило ба бемории сел низ дар се моҳи нахусти соли ҷорӣ 1 ҳазору 218 маврид буд, ки дар муқоиса бо давраи мушобеҳи соли қабл 119 маврид камтар аст.

Вазорати тандурустии Тоҷикистон дар посухи худ афзудааст: Дар муддати се моҳи нахусти соли ҷорӣ ба Тоҷикистон аз Русия 23 ҳазор адад, Чин 22 ҳазор адад во Олмон 1 ҳазору 900 адад тестҳои ташхиси вируси корона ворид шуда, ки мавриди таъйиди Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ қарор гирифта ва ҳеҷ ҷойи нигаронӣ надорад.

Муовини вазири тандурустии Тоҷикистон ҳамчунин эълом кардааст: Натоиҷи озмоишҳои анҷомшуда рӯйи афроди машкук ба вируси корона барои таъйиди ниҳоӣ дар замони барқарории парвозҳо ба Русия ва Англис ирсол шуд, ки манфӣ эълом гардид.

Дар ҳоли ҳозир ба далели қатъи парвозҳои хориҷӣ ин имкон вуҷуд надорад ва тамомии намунаҳо дар озмоишгоҳи Вазорати тандурустии Тоҷикистон, ки дорои дараҷаи дуввуми байналмиллалӣ мебошад, анҷом мегирад.