Апрел 26, 2020 09:46 Asia/Dushanbe
  • Баррасии иллати вуқуи чаҳор заминларза дар ҷануби Тоҷикистон

Маркази зилзиланигории Тоҷикистон вобаста ба фарҳангистони илми ин кишвар гурӯҳе аз донишмандонро барои баррасии иллати вуқуи чаҳор заминларзаи пайиҳам тайи рӯзҳои ахир ба вилояти Хатлон сафарбар кард.

Ба нақл аз сомонаи ТопТҶ, сокинони навоҳии Вахш ва Ҷалолиддини Балхӣ гуфтаанд, ки шаби 25 апрел шоҳиди вуқуи чанд заминларзаи шадид буданд, ки дар фосилаи 10 дақиқаӣ такрор мешуд ва аз тарс маҷбур шудаанд шабро дар кӯча рӯз кунанд.

Мутахассисони Маркази зилзиланигории Тоҷикистон эълом кардаанд, ки иттилооти дарёфтӣ аз истгоҳи зилзиланигории ноҳияи Шаҳри Туси вилояти Хатлон нишон медиҳад, ки вуқӯи ин ҳаводис дар меқиёси маҳдуд ва дар ду ноҳияи Вахш ва Ҷалолиддини Балхӣ ба ҷараёни ҳаракати мавҷҳои зерзаминӣ иртибот надорад, зеро агар ин заминларзаҳо бар асари ҳаракати мавҷҳои зерзаминӣ буд ба таври қатъ минтақаҳои густурдаеро шомил мешуд.

Натоиҷи таҳқиқоти донишмандони зилзилашиноси тоҷик пас аз панҷ рӯз эълом хоҳад шуд.

Аз сӯи дигар веб-сайти earthquaketrack.com/tj-02-orzu/recent, ки омори тамомии заминларзаҳо дар ҷаҳонро сабт мекунад аз вуқӯи ҳашт мавриди заминларза тайи 30 рӯзи ахир дар вилояти Хатлони Тоҷикистон хабар додааст.

Тоҷикистон ба унвони кишваре кӯҳистонӣ яке аз конунҳои заминларза дар минтақаи Осиёи Марказӣ ба ҳисоб меояд, ки ҳамасола шоҳиди ҳазорон заминларза мебошад.

 

Барчасп