Апрел 26, 2020 20:16 Asia/Dushanbe
  • Сохти хонаҳои маскунии баландошёна дар шаҳри Хоруғ

Сохти хонаҳои маскунии баландошёна дар шаҳри Хоруғ нигарониҳоеро барои шаҳрвандони шаҳр ба ҳамроҳ доштааст.

Дар шаҳри Хоруғ, устони Бадахшони Тоҷикистон, ки дар иртифои 2000 метрӣ аз сатҳи дарё қарор дорад, барои нахустин бор соли 2017 хонаҳои маскунии 9-табақа сохта шуд, ки акнун қасд доранд хонаҳои 12-табақаро низ дар ин минтақа бисозанд.

Аммо иддае аз сокинони вилояти Бадахшон мувофиқи сохти хонаҳои баландошна ва иддае ҳам мухолифи он ҳастанд.