Ахбори марбут ба шуйюи бемории корона дар Тоҷикистон такзиб шуд
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i53066-Ахбори_марбут_ба_шуйюи_бемории_корона_дар_Тоҷикистон_такзиб_шуд
Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон аз шаҳрвандон хост то ба овозаҳои марбут ба шуйюи бемории корона дар кишвар таваҷҷуҳ накунанд.
(last modified 2026-01-06T06:33:23+00:00 )
Апрел 27, 2020 04:06 Asia/Dushanbe
  • Ахбори марбут ба шуйюи бемории корона дар Тоҷикистон такзиб  шуд

Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон аз шаҳрвандон хост то ба овозаҳои марбут ба шуйюи бемории корона дар кишвар таваҷҷуҳ накунанд.

Ба нақл аз Спутник, Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон аз шаҳрвандон дархост кард ба овозаҳо ва хабарҳои марбут ба шуйюи бемории корона дар кишвар таваҷҷуҳ накунанд.

Ин вазоратхона таъкид кард: То кунун дар Тоҷикстон мавриде аз ибтило ба корона сабт нашудааст. Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон дар идома эълом кард: Бо таваҷҷуҳ ба таъид ва эъломи Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ ,Тоҷикистон аз маъдуд кишварҳое аст, ки дар он ҳануз мавриде аз ибтило ба корона гузориш нашудааст.