Дархости устоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон барои мубориза бо коронавирус
(last modified Mon, 27 Apr 2020 08:18:06 GMT )
Апрел 27, 2020 13:18 Asia/Dushanbe
  • Дархости устоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон барои мубориза бо коронавирус

Устоди риштаи рӯзноманигории Донишгоҳи миллии Тоҷикистон хостори мамнуъ шудани вуруди афроди бидуни ниқоби тиббӣ ба нақлиёти умумӣ дар пойтахти кишвар шуд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Ҷовид Муқим дар саҳифаи Фейсбуки худ таъкид кардааст, ки бо вуҷуди ҳушдорҳои мақомоти тандурустӣ теъдоди зиёде аз сокинони шаҳри Душанбе ба тавсияҳои пизишкон дар бораи ҷилавгирӣ аз гирифтор шудан ба коронавирус амал намекунанд.

Ҷовид Муқим бо зикри мавориде, ки худ шоҳиди он буда навиштааст, ки гурӯҳе аз бонувон дар шаҳри Душанбе ба таври дастаҷамъе бидуни доштани ниқоби тиббӣ ба куҷое фотиҳа мерафтанд ва ҳатто якдигарро ба оғӯш мекашиданд.

Ба навиштаи Ҷовид Муқим, теъдоде дигар, ки  дар байнашон чанд нафар таҳсилкардаҳои макотиби олӣ буданд низ мушоҳида мешуданд, бидуни риояти фосилаи иҷтимоӣ ва доштани ниқоби тиббӣ назди мағозаи ширфурӯшӣ ҷамъ шуда аз хатароти коронавирус барои коргарони муҳоҷири тоҷик дар Русия ҳарф мезаданд.

Вай ҳамчунин афзудааст: Дар аксари воситаҳои нақлиёти умумии шаҳри Душанбе мусофирон бидуни ниқоби тиббӣ равуо мекунанд, ки бояд аз савор шудани онон пешгирӣ шавад.

Ин устоди риштаи рӯзноманигории Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо ишора ба таътилии дуҳафтаии мактабҳо дар ин кишвар гуфтааст: Бо ин иқдом ду миллион мактабхон бояд дар хона бимонанд, аммо дар шаҳри Душанбе хонандагони мактаб гурӯҳ-гурӯҳ бидуни доштани ниқоби тиббӣ ва риояти гигиенаи шахсӣ дар кӯчаҳо мусобиқаҳои мухталиф баргузор мекунанд.

Ҷовид Муқим пурсидааст : Агар ҳадаф аз таътилии мактабҳо ҷилавгирӣ аз густариши коронавирус миёни хонандагони мактаб аст, ба чи далел ин афрод ба ҳоли худ раҳо шудаанд?