Муҳоҷирати 140 нафар аз Тоҷикистон ба Узбакистон аз оғози имсол то кунун
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i53106-Муҳоҷирати_140_нафар_аз_Тоҷикистон_ба_Узбакистон_аз_оғози_имсол_то_кунун
Аз оғози имсол то кунун 140 нафар аз Тоҷикистон ба Узбакистон муҳоҷират карданд.
(last modified 2025-09-23T05:42:19+00:00 )
Апрел 28, 2020 10:28 Asia/Dushanbe
  • Муҳоҷирати 140 нафар аз Тоҷикистон ба Узбакистон аз оғози имсол то кунун

Аз оғози имсол то кунун 140 нафар аз Тоҷикистон ба Узбакистон муҳоҷират карданд.

Ба нақл аз Азия-Плюс, ин мизон 29 дарсад аз кулли шаҳрвандони хориҷӣ аст, ки ба Узбакистон муҳоҷират карданд.

Ҳудуди як севум аз муҳоҷирони хориҷӣ дар Узбакистон аз шаҳрвандони тоҷик ҳастанд.

167 қазоқ, 140 тоҷик, 96 рус ва 35 қирғиз аз оғози соли 2020 ба Узбакистон муҳоҷират карданд.

Теъдоди афроде ҳам, ки дар се моҳаи нахусти соли равон аз Узбакистон ба Тоҷикистон нақли макон карданд, 15 нафар будааст, ки ин теъдод  баробар бо 0.8 дарсад аз кулли афроде аст, ки аз январ то марти имсол аз Узбакистон ба кишварҳои хориҷӣ муҳоҷират карданд.