Дақиқ будани тестҳои ташхиси коронавирус дар Тоҷикистон
Муовини Академияи улуми табиии Русия гуфт: Тестҳои ташхиси коронавирус дар Тоҷикистон аз назари илмӣ дақиқ аст.
Ба нақл аз сомонаи хабарии Pressa.tj, Виктор Рузоев- муовини Академияи улуми табиӣ ва узви Пажуҳишгоҳи эпидемиология ва микробологияи Русия ҳамчунин гуфт: Озмоишоте, ки акнун мавриди истифода қарор мегирад ба ҳадде дақиқ аст ки ҳатто агар фарде мубтало ба коронавируси бидуни нишонаҳои зоҳирӣ бошад низ ташхис дода мешавад. Виктор Рузоев муътақид аст, бо фаро расидани фасли тобистон ва гарм шудани ҳаво шуйюи беморӣ кам хоҳад шуд, монанди бемории зуком, ки дар тобистон шуйю надорад.
Муовини Академияи улуми табиӣ ва узви Пажуҳишгоҳи эпидемиология ва микробологияи Русия афзуд: Корона низ монанди зуком бемории вирусии пномотропик аст , яъне дар маҷории танаффусӣ таъсир мегузорад ва бо омадани тобистон қудрати таъсиргузории худро аз даст медиҳад. Вай гуфт: Дар ҳавои гарм эминии бадан тақвият мешавад ва вирус наметавонад ба мухотҳо осеб бирасонад.