Таҳти карантина гирифтани 14 пизишк дар Кулоб ба далели номушахас будани озмоишҳо
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i53149-Таҳти_карантина_гирифтани_14_пизишк_дар_Кулоб_ба_далели_номушахас_будани_озмоишҳо
Мудирияти бемористони Кулоб аз таҳти назорат қарор гирифтани 14 пизишки ин марказ пас аз поёни давраи карантинаи онон хабар дод.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Апрел 29, 2020 04:43 Asia/Dushanbe
  • Таҳти карантина гирифтани 14 пизишк дар Кулоб ба далели номушахас будани озмоишҳо

Мудирияти бемористони Кулоб аз таҳти назорат қарор гирифтани 14 пизишки ин марказ пас аз поёни давраи карантинаи онон хабар дод.

Ба нақл аз сомонаи Тоб Ти Ҷи , ин гуруҳ аз пизишкон аз рӯзи 10 апрели имсол машғули назорат ва муоинаи 60 коргари муҳоҷир буданд,ки аз Русия ба минтақаи Кулоб бозгаш карда ва дар карантина қарор доштанд.

Пас аз поёни давраи ду ҳафтаи карантинаи ин коргарон ва мурахас шудани онон, акнун ин 14 пизишкро,ки натиҷаи озмоиши вируси Карона рӯи онон мушахас нашудааст, дар ин бемористон таҳти назорот қарор додаанд .

Абдулкарин Шокиров мудири бемористони бемориҳои сироятии шаҳри Кулоб мегуяд,ки ду нафар аз ин пизишкон алоими илтиҳоби шуш доранд ва бояд аз онон озмоиши такрорӣ барои вируси Карона гирифт.

 Аммо Садриддин Ғаюров масули идораи тандурустии минтақаи Кулоб таъкид кардааст ,ки натиҷаҳои 50 то 60 дар сади озмоиши китҳои ташхиси вируи Карона дуруст аст ва то 40 дар сад бояд ба далели номушахас будани натиҷа,дубора анҷом шавад.

Мақомоти Вазорати тандурустии Тоҷикистон низ таъйид кардаанд,ки то ба ҳол дар ин кишвар  чор ҳазору 100 озмоиши вируси Карона гирифташуда ,ки ба далели номушахас будани натиҷаҳо 800 маврид дубора анҷом шудааст.

Ин китҳои ташхиси вируси Карона аз Олмон, Чин ва Русия ба Тоҷикистон ирсол шудааст.

Ин мақомот мегуянд ,ки то рӯзи 28 апрел ҳеҷ мавриди мубтало шудани афрод ба вируси Карона дар ин кишвар мушоҳида нашуда аммо мавориди марги сокинон бар асари илтиҳоби шуш афзоиш ёфта ,ки ҷои нигаронӣ дорад.