Апрел 30, 2020 08:58 Asia/Dushanbe
  • Дидгоҳи нависанда ва фаоли расонаии Тоҷикистон дар бораи Корона

Нависанда ва фаоли расонаии Тоҷикистон муътақид аст мақомоти кишвар бояд воқеъиятро дар бораи Корона ба мардум эълон кунанд.

Ба гузориши радиои тоҷикӣ ба нақл аз саҳифаи Раҷаби Мирзо дар шабаки ФЕСБУК , вай мегуяд, тардиде нест,ки агар мақомоти Тоҷикистон вуҷуди Корона дар ин кишварро таъйид кунанд, бояд бисёре аз фаолиятҳои иқтисодӣ ва тиҷорӣ таътил шавад.

Дар паи таътилии мактабҳо ва Донишгоҳҳо билахира мақомоти Тоҷикистон тасмим гирифтанд бозорҳои шаҳри Душанберо ҳам таътил кунанд.

Ӯ гуфт ; мақомоти кишвар дар ин маврид низ бо таъхир иқдом карданд ва тавонистанд ин барномаҳоро хеле зудтар иҷро кунанд.

 Нависанда ва фаоли расонаии Тоҷикистон афзуд ; дар сурати таътилии марказҳои саноатӣ ва тиҷорӣ, ҳукумати Тоҷикистон аз дарёфти молиёт маҳрум мешаванд ва наметавонанд ба мардуми бекор кумаки молӣ кунад ва ё бастаи маишатӣ ихтисос диҳад.

 Раҷаби Мирзо гуфт ; ҳамин далелҳо мақомти беҳдоштӣ ва иллати маргҳои мутаадад дар кишварро илтиҳоби шуш эълон мекунанд ва ҳамчунон таъкид доранд,ки Корона дар Тоҷикистон шойеъ нашудааст.

Аз дидгоҳи Раҷаби Мирзо ҳарчанд ,ки дар оянда ин мавзуъ мушахас хоҳад шуд ва дар сурати ифшои воқеъият дар бораи мизони Корона дар Тоҷикистон ба ҷойгоҳи байналмилаллии ин кишвар латма хоҳад зад.

Барчасп