Апрел 30, 2020 16:32 Asia/Dushanbe
  • Интиқоли узви Ҳизби наҳзати исломии мамнӯъшуда ба дармонгоҳи зиндон

Узви аршади Ҳизби наҳзати исломии мамнӯъшуда дар Тоҷикистон ба дармонгоҳи зиндони №1-и шаҳри Душанбе мунтақил шуд.

Фарзанди Раҳматуллоҳи Раҷаб, узви аршади Ҳизби наҳзати исломии мамнӯъшуда, ки ба 28 соли зиндон маҳкум шуда, аз интиқоли падараш ба дармонгоҳи зиндон хабар дод. Шуҳрати Раҳматуллоҳ дар “Фейсбук” навишт, ки таби падараш ба 39 дараҷа расида ва акнун ба беҳдории зиндони шумораи яки шаҳри Душнбе мунтақил шудааст.

Ин дар ҳолест, ки Мансурҷон Умаров, раиси Созмони зиндонҳои Тоҷикистон рӯзи 27 апрел таъйид кард, ки ҳудуди 20 зиндонӣ ба далели доштани таб қарантина шуданд. Вай гуфт, ин зиндониён алоиме аз гулӯдард доранд, ки бар асари хӯрдани оби сард ҳангоми ифтор буруз кардааст. Аз сӯйи дигар Ҷамшед Ёров, бародари Бузургмеҳр Ёров, вакили мудофеи зиндонии тоҷик низ аз таби бародараш хабар дод.

Пизишкон муътақиданд, ки далели таби Бузургмеҳр Ёров гармии муҳити селулҳо аст ва ниёзе ба интиқоли вай ба беҳдорӣ нест.