Пардохти дастмузди изофакорӣ ба пизишкон ва парасторони Тоҷикистон
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i53222-Пардохти_дастмузди_изофакорӣ_ба_пизишкон_ва_парасторони_Тоҷикистон
Ба пизишкон ва парасторони Тоҷикистон илова бар маош, дастмузди изофакорӣ пардохт хоҳад шуд.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Май 01, 2020 14:38 Asia/Dushanbe
  • Пардохти дастмузди изофакорӣ ба пизишкон ва парасторони Тоҷикистон

Ба пизишкон ва парасторони Тоҷикистон илова бар маош, дастмузди изофакорӣ пардохт хоҳад шуд.

Ба гузориши “Азия плюс”, қарор аст ба ҳар пизишк ва парасторе, ки вазифаи дармони беморони мубтало ба коронаро бар ӯҳда доранд, илова бар маош, маблағе ба унвони дастмузди изофакорӣ пардохт шавад.

Раисҷумҳури Тоҷикистон дар рӯзҳои оянда ин санадро имзо хоҳад кард.

Дастмузди изофакорӣ бар асоси мизони маоши ҳар нафар пардохт хоҳад шуд. Пеш аз ин Насим Олимзода, вазири тандурустии Тоҷикистон гуфта буд, ки қарор аст ба пизишкон ва парастороне, ки вазифаи дармони беморони мубтало ба коронаро доранд, дастмузди изофакорӣ пардохт шавад.