Пардохти дастмузди изофакорӣ ба пизишкон ва парасторони Тоҷикистон
Май 01, 2020 14:38 Asia/Dushanbe
Ба пизишкон ва парасторони Тоҷикистон илова бар маош, дастмузди изофакорӣ пардохт хоҳад шуд.
Ба гузориши “Азия плюс”, қарор аст ба ҳар пизишк ва парасторе, ки вазифаи дармони беморони мубтало ба коронаро бар ӯҳда доранд, илова бар маош, маблағе ба унвони дастмузди изофакорӣ пардохт шавад.
Раисҷумҳури Тоҷикистон дар рӯзҳои оянда ин санадро имзо хоҳад кард.
Дастмузди изофакорӣ бар асоси мизони маоши ҳар нафар пардохт хоҳад шуд. Пеш аз ин Насим Олимзода, вазири тандурустии Тоҷикистон гуфта буд, ки қарор аст ба пизишкон ва парастороне, ки вазифаи дармони беморони мубтало ба коронаро доранд, дастмузди изофакорӣ пардохт шавад.