Май 01, 2020 19:30 Asia/Dushanbe
  • Иқдомоти пешгирона аз ибтило ба корона дар минтақаи Роғун

Иқдомоти пешгирона аз ибтило ба корона дар минтақаи Роғун бо шиддати бештаре иҷро мешавад.

Ба гузориши “Спутник”, ба ҳамаи созмонҳо, муассисот ва ҳамчунин сокинони маҳаллии Роғун тавсия шуда, иқдомоти беҳдоштиро барои пешгирӣ аз ибтило ба корона ҷиддӣ бигиранд. Дастуруламалҳои беҳдоштӣ ҳам ба мудирияти шаҳри Роғун ирсол шудааст.

Тибқи ойиннома, ҳамаи ширкатҳо, дафотир, марокизи тиҷорӣ ва хадамотӣ ва ширкатҳои сохтмонӣ бояд маҳалҳои корро ба сурати муназзам зиддиуфунӣ кунанд.

Мақомоти шаҳри Роғун пеш аз ин маводи зиддиуфуникунандаро байни мардум тавзеъ карданд ва коргурӯҳи вижае ҳам барои иҷрои мусавваботи беҳдоштии пешгирӣ аз корона ташкил шудааст. Қудрат Давлатзода, раиси коргурӯҳи беҳдоштии Роғун низ бо мардуми маҳаллӣ дидор ва ироаҳои пешгирӣ аз ибтило ба ба коронаро барои инҳо тавзеҳ дод.

Вай гуфт, муҳимтарин роҳи пешгирӣ зиддиуфунӣ кардани сохтмонҳои маскунӣ ва идорӣ ва риояти беҳдошти шахсӣ аст.

 

Барчасп