Эҳтимоли поёни шуюъи бемории корона дар Тоҷикистон то фасли тобистон
Раиси ҳайати мудираи клиники Ибни Сино дар Душанбе эълом кард, бемории корона дар Тоҷикистон мумкин аст тобистони имсол поён ёбад.
Ба гузориши яке аз манобеи хабарии Осиёи Марказӣ, Абдулхалил Холиқзод мегӯяд, шаҳрвандон бо риояти беҳдошт метавонанд аз ибтило ба корона пешгирӣ кунанд.
Ӯ афзуд, мардум бояд дастони худро бишӯянд, аз маҳлул ё жели зиддиуфунӣ истифода кунанд, бо моск тараддуд ва фосилаи иҷтимоиро ҳифз кунанд.
Раиси ҳайати мудираи клиники Ибни Сино дар Душанбе муътақид аст, агар мардум беҳдошт ва тавсияҳои пизишконро риоят кунанд, ҳамагирии ин беморӣ дар Тоҷикистон метавонад дар тобистони имсол ба поён бирасад.
Ӯ гуфт, клиники Ибни Сино дар Душанбе ба бемористони бемориҳои уфунӣ табдил мешавад.
Абдулхалил Холиқзода дар шабакаҳои иҷтимоӣ гузориш дод, ки чаҳор нафар аз коркунони клиник ба бемории уфунӣ, ки дар кишвар шуюъ дорад, мубтало шуданд ва аз ҷумлаи онҳо нависандаи машҳур Абдулқодири Рустам аст, ки дар бахши манобеи инсонии клиник фаъолият мекунад.