Май 02, 2020 12:21 Asia/Dushanbe
  • Радди овозаи баста шудани роҳи Душанбе ба Хуҷанд

Мақомоти ҳамлу нақли Тоҷикистон овозаҳо дар бораи баста шудани роҳи Душанбе ба Хуҷанд дар пайи таъиди вуҷуди вируси корона дар ин кишварро рад кардаанд.

Ба нақл аз сомонаи Pressa.tj, ин мақомот эълом карданд, ки акнун дар ин масир ба қадри кофӣ дастгоҳҳои санҷиши таби ронандагон ва мусофирон вуҷуд дорад ва мавориди машкук ба марокизи дармонӣ гузориш мешавад.

Бархе аз корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ навишта буданд, ки ба далели таъиди вуҷуди бемории КОВИД19 дар Тоҷикистон дар масири Душанбе ба Хуҷанд маҳдудиятҳое барқарор шуда ва имкони баста шудани ин роҳ бар рӯйи мусофирон ва воситаҳои нақлиёт вуҷуд дорад.

Бо ин ҳол дар пайи эъломи таътилии донишгоҳҳо аз рӯзи 4 май дар Тоҷикистон ва оғози бозгашти донишҷӯён ба шаҳрҳои хеш, ронандагон дар масирҳои Душанбе ба Хуҷанд, Душанбе ба водии Зарафшон ва Душанбе ба Кулоб маблағи кирояро афзоиш додаанд, ки ин кори онон бо эътирози мусофирон рӯ ба рӯ гардидааст.

Роҳи Душанбе ба Хуҷанд танҳо масири иртиботӣ миёни марказ ва шимоли Тоҷикистон мебошад ва бахши асосие аз маводи ғизоии мавриди ниёзи манотиқи ҷануби ин кишвар аз вилояти Суғд ворид мегардад.