Раиси Ҳизби демократи Тоҷикистон: Ҳолати фавқулода эълом кунед
Раиси Ҳизби демократ ва намояндаи ба вируси корона мубтало шудаи Маҷлиси қонунгузории Тоҷикистон хостори эъломи ҳолати фавқулода ва карантини умумӣ дар ин кишвар шуд.
Ба нақл аз сомонаи Тоҷвик, Саидҷаъфар Усмонзода, ки ба вируси корона гирифтор шуда ва дар бемористон таҳти муроқибат мебошад гуфтааст, ки бояд дар ин кишвар барои ҷилавгирӣ аз густариши бештари ин беморӣ ҳолати фавқулода ва карантини умумӣ иҷро шавад.
Вай бо зери савол бурдани омори мақомоти Вазорати тандурустии Тоҷикистон дар бораи вуҷуди 32 нафар бемори гирифтор ба вируси корона таъкид кардааст, ки ин рақамҳо ғайри воқеӣ мебошад, зеро танҳо аз наздикони худи ӯ теъдоде ба бемории КОВИД 19 мубтало шудаанд.
Усмонзода таъкид кардааст, ки ҳукумати Тоҷикистон бояд воқеиятро эълом намояд ва аз пинҳонкорӣ дар мавриди густариши вируси корона даст бардорад.
Саидҷаъфар Усмонзода мегуяд, ки дар ибтидо бемории вайро зуком ташхис доданд ва баъдан маълум шуд, ки корона доштааст.
Раиси Ҳизби демократи Тоҷикистон ҳамчунин хостори тағйири раёсат ва масъулони Ситоди мубориза бо вируси корона дар Тоҷикистон шудааст.