Май 03, 2020 09:15 Asia/Dushanbe
  • Эътои сабукӣ барои ширкатҳои фаол дар сохти неругоҳи Роғун

Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон бо ворид намудани ислоҳия дар будҷети ҳукумати ин кишвар барои соли ҷорӣ ба бархе аз ширкатҳои фаол дар сохти неругоҳи барқи обии Роғун сабукиҳое эъто кард.

Ба нақл аз сомонаи Спутник, Юсуф Маҷидӣ- муовини вазири молияи Тоҷикистон ҳамгоми ироаи ин тарҳ ба маҷлиси намояндагони ин кишвари ҳадаф аз ислоҳи будҷетро суръат бахшидан ба иҷрои тааҳҳудоти мудирияти неругоҳи барқи обии Роғун дар баробари шарикон унвон кардааст.

Бар асоси ислоҳияи воридшуда ба будҷети ҳукумати Тоҷикистон дар банди марбут ба сармоягузорӣ дар сохти неругоҳи Роғун, ширкати "Tractebel Engineering S.A" ба унвони намояндаи иҷрокунандаи тарҳ аз пардохти андоз аз фоида, андоз аз арзиши иловашуда ва андоз аз истифодабарандагони роҳҳои автомобилгард озод карда шудааст.

Аз сӯи дигар чанде қабл Хайрулло Сафарзода- мудири кулли ҶСК “Нерӯгоҳи барқи обии Роғун” ҳаҷми қарздории нерӯгоҳро дар назди коршарикон дар оғози соли равон беш аз 1 миллиард сомонӣ арзёбӣ кард.

Вай дар нишасти Маҷлиси миллии Тоҷикистон гуфта буд, ки бо таваҷҷуҳ ба қарзи як миллиардии неругоҳи Роғун, фуруши бархе амвол ва саҳомии он илзомӣ аст.

Ба гуфтаи мудири ширкати сохти неругоҳи барқи обии Роғун, 500 миллион доллар сармоя, ки дар соли 2017 аз ҳисоби фуруши саҳоми ин неругоҳ дар хориҷ ба даст омада буд ба таври комил ҳазина шуда ва бояд ба манзури ҷазби сармоя ва идомаи сохти ин неругоҳ бахше аз амвол ва саҳоми ҷадид ба харидорони хориҷӣ ва дохилӣ вогузор шавад.

Турбинаи нахусти неругоҳи барқи обии Роғун 16 ноябри соли 2018 ва турбинаи дувуми он моҳи сентябри соли 2019 ба баҳрабардорӣ расид.

Неругоҳи Роғун бо садди хокии 335 метрӣ ва зарфияти тавлиди 17 миллиард киловат соат барқ дар сол, бузургтарин тарҳи барқи обии минтақаи Осиёи Марказӣ аст.

Гуфта мешавад, ки сохти ин неругоҳи соли 2033 ба поён хоҳад расид.

 

Барчасп