Май 03, 2020 12:15 Asia/Dushanbe
  • Таъкиди Раҳмон бар зарурати идомаи фаолиятҳои иқтисодӣ дар Тоҷикистон

Раиси ҷумҳури Тоҷикистон бар зарурати идома ёфтани фаолияти марокизи иқтисодӣ ва кишоварзӣ дар ин кишвар дар пайи мушоҳидаи вируси корона таъкид кард.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Дафтари матбуотии раёсатҷумҳурии Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон дар тамоси телефонӣ бо раисони вилоятҳо ва шаҳрҳои Ваҳдат, Турсунзода, Ҳисор ва ноҳияи Рӯдакӣ аз онон дархост кард, ки ба тавсияҳои Ситоди мубориза бо коронавирус амал намоянд.

Раҳмон хостори идомаи фаолиятҳои иқтисодӣ дар Тоҷикистон ба манзури таъмини маводи ғизоии мардум шуд.

Раиси ҷумҳури Тоҷикистон аз масъулони вилоятҳо ва навоҳии ёдшуда дархост кард, ки барои бардошти маҳсулоти кишоварзӣ, анҷоми кишти такрорӣ ва истифодаи мардум аз заминҳои вогузоршуда ба онон барномарезӣ кунанд.

Бар асоси дастури раиси ҷумҳури Тоҷикистон ҳатто раванди кошту бардошти маҳсулоти кишоварзӣ дар ҳаёти хонаҳо дар манотиқи деҳотӣ  бояд таҳти назорати идороти ҳукумати маҳаллӣ қарор гирад, зеро мавзӯи муҳим дар шароити вируси корона таъмини амнияти ғизоии мардуми Тоҷикистон аст ва заминҳои шахсӣ дар манотиқи деҳотӣ манбаи муҳими тавлиди маҳсулоти кишоварзӣ аст.

Раиси ҷумҳури Тоҷикистон таъкид кардааст, ки мардуми ин кишвар бояд ба зиндагии рӯзонаи хеш бо мурооти муқаррароти беҳдоштӣ ва риояти гигиенаи шахсӣ идома диҳанд.

 

Барчасп