128 мавриди гирифторӣ ба коронавирус дар Тоҷикистон
Вазорати тандурустии Тоҷикистон аз афзоиши теъдоди афроди мубталошуда ба коронавирус дар ин кишвар хабар дод.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи РИА- Новости, шабакаҳои телевизиони давлатии Тоҷикистон бо истинод ба мақомоти ин вазоратхона эълом кардаанд, ки то шомгоҳи рӯзи севвуми май мубтало шудани 128 тан ба бемории COVID-19 дар ин кишвар қатъӣ шудааст.
Ин мақомот то нимаи дуввуми рӯз якшанбе мубтало шудани 76 нафарро ба коронавирус таъид карда буданд.
Акнун теъдоди мубталоён ба коронавирус дар Тоҷикистон тайи як шабонарӯзи гузашта 52 нафар афзоиш дошта, аммо омори ашхоси фавтида бар асари коронавирус ҳамон ду нафар бидуни тағйир боқи мондааст.
Ҳамзамон бо вуруди ҳайати фиристодаи Созмони умуриҷаҳонии тандурустӣ ба Душанбе барои баррасии вазъияти коронавирус дар ин кишвар мақомоти расмие, ки қаблан мубтало шудани шаҳрвандони Тоҷикистон ба ин бемориро инкор мекарданд, аз мушоҳидаи 15 мавриди ибтило ба ин беморӣ хабар доданд.