Май 05, 2020 20:15 Asia/Dushanbe
  • Хоксупории бародари раиси созмони зиндонҳои Тоҷикистон таҳти тадобири шадид

Бародари раиси зиндонҳои Тоҷикистон, ки дар маркази беморҳои вогирдори шаҳри Душанбе даргузашта буд, таҳти тадобири шадиди беҳдоштӣ ба хок супурда шуд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи ахбори Осиё Марказӣ, мақомоти бемористони маҳалли Зарафшон иллати фавти Носир Умаров корманди ширкати давлатии барқи тожик ва бародари генерал Мансурҷон Умаров раиси созмони зиндонҳои Тоҷикистон аз илтиҳоби шуш эълом кардаанд. Вале наздиконаш мугўянд, вай бар асари мутало шудан ба вируси карона ҷони худро аз додааст .

Хешони Носир Умаров эълом карданд, ки ба падари он маҳрум таъкид шудааст барои дафни писараш аз ноҳияи Фархори вилояти Хатлон ба Душанбе наёяд.

Наздикони даргузашта ҳамчунин гуфтаанд, ки бо мушоҳида и алоими бемории шадид, ўро ба чанд маркази дармони дар шаҳри Душанбе бурдаанд, аммо он марказҳо Носир Умаровро напазируфтанд ва дар ниҳоят вай дар маркази беморҳои вогирдори пойтахти Тожикистон бистарӣ шуда буд. 

Барчасп