Кумаки молии мудири омили бошгоҳи Истиқлоли Душанбе ба ситоди муқобила бо корона
(last modified Wed, 06 May 2020 12:13:00 GMT )
Май 06, 2020 17:13 Asia/Dushanbe
  • Кумаки молии мудири омили бошгоҳи Истиқлоли Душанбе ба ситоди муқобила бо корона

Мудири омили бошгоҳи Истиқлоли Душанбе дастмузди худро барои муқобила бо бемории корона ихтисос дод.

Ба гузориши радиои бурунмарзии Садои Хуросон ба нақл аз Азия-Плюс, Шоҳрух Саидзода- раиси бошгоҳи футболи Истиқлоли Душанбе ва узви Кумитаи иҷроии Федератсияи футболи Тоҷикистон дастмузди худро барои муқобила бо шуйюи корона дар кишвар ихтисос дод.

Дафтари матбуотии бошгоҳи Истиқол эълом кард: Мудири омили бошгоҳ  дастмузди худро ба ҳисоби бонкии  ситоди муқобила бо корона ихтисос дод.

Шоҳрух Саидзода ҳамзамон корманди полис ва раиси Идораи таҳқиқоти ҷиноии Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон аст, вай декабри 2017 ба симати мудири омили бошгоҳи футболи Истиқлоли Душанбе мансуб шуд.