Интисоби сарвари нави беморхонаи “Истиқлол”-и Душанбе
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i53396
Шаҳрдори Душанбе сарвари нави беморхонаи “Истиқлол”-ро таъин кард.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Май 06, 2020 17:40 Asia/Dushanbe
  • Интисоби сарвари нави беморхонаи “Истиқлол”-и Душанбе

Шаҳрдори Душанбе сарвари нави беморхонаи “Истиқлол”-ро таъин кард.

Ба гузориши радиои бурунмарзии Садои Хуросон ба нақл аз Ховар, Рустами Эмомалӣ,  Рустам Хуршедзодаро ба унвони сарвари “Маҷмааи тандурустии Истиқлол”-и шаҳри Душанбе таъин кард.

Хуршедзода пеш аз ин роҳбари “Маркази тиббии шаҳрии №1-и Душанбе буд.

Ҳамчунин Фаррух Маҳмадзода, муовини собиқи сарвари Муассисаи давлатии “Маҷмааи тандурустии Истиқлол” ба унвони  сарвари Муассисаи давлатии “Маркази тиббии шаҳрии №1-и Душанбе таъин шуд.