Май 09, 2020 19:15 Asia/Dushanbe
  • Тақсирдори аслии густариши коронавирус дар Тоҷикистон кист?

Баҳси пайдо кардани муқассири густариши коронавирус дар Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ сару садо пайдо карда ва корбарон, ниҳодҳои мухталифи дохилӣ ва байналмиллалиро дар ин мавзӯъ муқассир медонанд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонам ТопТҶ, теъдоде аз корбарон муътақиданд, ки Галина Перфилиева -намояндаи Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ аз вуҷуди коронавирус дар Тоҷикистон иттилоъ дошт ва бо ҳамдастӣ бо вазорати тандурустии ин кишвар ба муддати ду моҳ ин бемориро пинҳон кард.

Вай дар посух ба ин иддао гуфтааст, ки ҳеҷгоҳ вуҷуди коронавирус дар Тоҷикистонро рад накардааст, аммо эъломи вуҷуди коронавирус  ба таҳқиқоти дақиқ ниёз доштааст.

Гурӯҳи дуввуми корбарон, Вазорати  тандурустии Тоҷикистонро барои пинҳонкорӣ дар бораи вуҷуди коронавирус ба шиддат мавриди интиқод қарор додаанд ва барканории Насим Олимзода- вазири вақт ва интисоби Ҷамолиддин Абдуллозода ба ҷойи вайро гувоҳи иддаои худ медонанд.

Гурӯҳи севвуми корбарон низ ҳукумати Тоҷикистонро масъули густариши коронавирус дар ин кишвар медонанд, ки бо огоҳӣ аз ин беморӣ танҳо ба хотири касби даромад аз ҳисоби фаолияти ширкатҳо ва марокизи тиҷории хеш аз иҷрои карантин ва маҳдудиятҳо худдорӣ карда ва муҷиби густариши коронавирус ва бемории КОВИД-19 шудааст.

 

Барчасп