Шаш фавт ва 90 мавриди нави гирифторӣ ба КОВИД-19 дар Тоҷикистон
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i53486-Шаш_фавт_ва_90_мавриди_нави_гирифторӣ_ба_КОВИД_19_дар_Тоҷикистон
Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон аз афзоиши теъдоди фавтиҳо ва мубталоён ба бемории коронавирус ё КОВИД-19 дар 24 соати гузашта хабар дод.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Май 09, 2020 16:50 Asia/Dushanbe
  • Шаш фавт ва 90 мавриди нави гирифторӣ ба КОВИД-19 дар Тоҷикистон

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон аз афзоиши теъдоди фавтиҳо ва мубталоён ба бемории коронавирус ё КОВИД-19 дар 24 соати гузашта хабар дод.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Спутник, Маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон эълом кард: То соати 17 имрӯз 9 май, теъдоди гирифторони коронавирус дар ин кишвар бо 90 мавриди нав ба 612 нафар расидааст.

Ҳамчунин бар асоси охирин омор, теъдоди афроде, ки аз ин беморӣ ҷон додаанд, 6 нафар афзуд ва ба 20 нафар расид.

Дар як шабонарўзи охир 552 нафар пас аз гузаронидани ташхису муоина дар ҳолати қаноатбахш аз муассисаҳои табобатӣ ба хона ҷавоб дода шудаанд.

Тибқи иттилои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон, то бегоҳии 9 май дар муассисаҳои табобатии кишвар ҷамъан 4738 нафар зери назорати табибон қарор доштанд.