Май 10, 2020 11:17 Asia/Dushanbe
  • Эҳзори сафири Қирғизистон ба Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон

Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон бо эҳзори сафири Қирғизистон дар Душанбе маротиби эътирози Душанберо ба даргирии ахир дар марзи ду кишвар, ба вай эълом кард.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон, дар ёддошти эътирози Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон таъкид шудааст: Бар асоси баррасиҳои неруи марзбонии Тоҷикистон теъдоде аз сокинони ноҳияи Ботканд ва низомиёни қирғизӣ оғозгари низои мусаллаҳонаи рӯзи 8 май мебошанд, ки муҷиби захмӣ шудани шаҳрвандони ҳар ду кишвар гардид.

Мақомоти Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон ба Жениш Рустамбеков, сафири Қирғизистон дар Душанбе эълом кардаанд, ки авоқиби ногувори ин даргирӣ ба далели амдӣ будани он бо ҷониби Қирғизистон хоҳад буд ва тарафи Тоҷикистон интизор дорад мақомоти қазоии Қирғизистон барои шиносоӣ ва таҳти пайгарди қонунӣ қарор додани омилони он иқдом кунанд.

Мақомоти марзбонии Тоҷикистон тарафи Қирғизистонро омили бурузи низои рӯзи ҳаштуми май медонанд ва мегӯяанд шаҳрвандони ин кишвар дар минтақаи ҳануз нишонагузоринашудаи марз қасди тасарруфи қитъаи замини зери кишти ҷуворимаккаро доштанд.

Ҷониби Қирғизистон муддаӣ аст, ки ин қитъаи заминро қаблан қирғизҳо мавриди истифода қарор медоданд.

Хадамоти марзбонии Тоҷикистон аз захмӣ шудани ду сокини ноҳияи Исфара бар асари тирпаронии марзбонони қирғизӣ хабар дода ва марзбонии кишвари ҳамсоя низ теъдоди захмиҳои қирғизистониро чаҳор нафар ба шумули як марзбон эълом кардааст.

 

Барчасп