Таъсири коронавирус бар нархи сӯзишворӣ ва орд дар Тоҷикистон
Густариши коронавирус ва коҳиши сафарҳо дар Тоҷикистон муҷиби пойин омадани нархи сӯзишворӣ дар ин кишвар шудааст.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Спутник, ду ҳафтаи қабл нархи як летр гози моеъ се сомониву 60 дирам буд, аммо акнун ба ду сомонию 60 дирам расидааст.
65 дарсади тамомии воситаҳои нақлиёти мусофиркаш ва боркаш дар Тоҷикистон аз гоз ба унвони сӯзишвории аслӣ истифода мекунанд.
Ҳамчунин нархи як летр бензин, ки то авохири моҳи апрел беш аз ҳафт сомонӣ буд акнун ба панҷ сомонӣ расидааст.
Ин дар ҳолест, ки дар соли 2019 Тоҷикистон аз хориҷ ва асосан аз Русия ва Қазоқистон 430 ҳазор тонна гози моеъ, 250 ҳазор тонна салярка ва 180 ҳазор тонна бензин ворид карда буд.
Аз сӯи дигар тайи ду моҳи ахир дар Тоҷикистон нархи орд афзоиш ёфтааст.
Ду моҳи қабл нархи як халта орди 50 килограмӣ дар бозорҳои Тоҷикистон 170 сомонӣ буд, аммо акнун ба 230 сомонӣ расидааст.
Воридкунандагон, далели гарон шудани нархи орд дар Тоҷикистонро маҳдудиятҳои иҷроишуда аз сӯи Қазоқистон ва Русия дар заминаи содироти орду гандум, баста шудани роҳҳои иртиботӣ ва камбуди манобеи арзӣ унвон мекунанд.