Кӯмаки пизишкӣ ва беҳдоштии ширкати "Муҳайр"-и Тоҷикистон ба бемористонҳои Душанбе
Май 10, 2020 19:37 Asia/Dushanbe
Ширкати сементи "Муҳайр" таҷҳизоти муҳофизатӣ ва зиддиуфунӣ ба бемористонҳои шаҳри Душанбе эҳдо кард.
Ба нақл аз Азия Плюс, арзиши кӯмакҳои ширкат 40 000 сомонӣ ва шомили 160 даст либоси муҳофизи пизишкӣ, 3000 ҷуфт дасткаши якбормасраф ва орду равған будааст.
Шукруллоев, мудири бозаргонии ин ширкат ҳадаф аз ин иқдомро, кӯмак ба пизишкон ва нерӯҳои парасторӣ ва ташвиқи мудирони соири ширкатҳо барои иҷрои иқдомоти некӯкорона эълом кард.