Май 11, 2020 17:27 Asia/Dushanbe
  • Дархости муовини сарвазири Тоҷикистон аз мақомоти минтақаи Суғд барои назорати қиммати дору

Муовини сарвазири Тоҷикистон дар боздид аз минтақаи Суғд аз мақомоти минтақа хост, ки барои назорати қиммати дору талоши бештаре кунад.

Бино ба гузориши радиои Садои Хуросон ба нақл аз Спутник, Ширин Исматуллозода муовини  сарвазири Тоҷикистон ба далели шуюи коронавирус барои боздид аз иқдомоти беҳдоштӣ ба минтақаи Суғд сафар кард.

У хостори талошҳои бештари масулон барои мубориза бо густариши бемории корона дар минтақаи Суғд шуд ва аз мақомот хост то мушкилоти мавҷуд дар минтақаро бартараф кунанд.

Ширин Исматуллозода дар заминаи воридоти дору низ бо корофаринони минтақа машварат карл.

Муовини сарвазири Тоҷикистон гуфт: 15 ширкати бузурги дорусозӣ дар минтақаи Суғд фаъолият мекунанд, ки дар ин шароити ҳассос давлат аз онҳо пуштибонӣ мекунад.