Май 12, 2020 09:36 Asia/Dushanbe
  • Тавсияҳои пизишкии мақомоти тандурустии минтақаи Суғд ба шаҳрвандон

Мақомоти тандурустии Суғд аз сокинони ин минтақа дархост карданд барои пешгирӣ аз шуйюи бемории коронавирус дар хона бимонанд.

Ба гузориши радиои бурунмарзии Садои Хуросон ба нақл аз Спутник, коркунони маркази пешгирӣ аз бемориҳои сироятии Суғд аз сокинони минтақа хостанд, ки ба далели шуйюи коронавирус аз хона хориҷ нашаванд.

Масъулони минтақаи Суғд ва кормандони маркази тандурустӣ, бо пахш кардани дафтарчаҳои омӯзишӣ дар байни сокинон иқдомоти пешгирона аз бемории коронавирусро ба онҳо омӯзиш медиҳанд.

Ҳамчунин масъулони минтақа ба ҳамроҳи мутахассисони умури тандурустӣ бо муроҷиаи ҳузурӣ ба манзилҳо ба онҳо эълом карданд, агар нишонаҳое монанди таб, сурфа, тангии нафас, дарди бадан ва эҳсоси сифтӣ дар қафасаи сина, доштанд бояд бо пизишк машварат кунанд.

Ҳамчунин дар вурудии шаҳракҳои минтақа, исти бозрасӣ эҷод шудааст ва худравҳое, ки вориди онҷо мешаванд бо маҳлули махсусе дезинфексия ва дамои бадани сарнишинони худрав ҳам санҷида мешавад.