Худдорӣ аз вуруди гардишгарон ба Тоҷикистон
Кумитаи тавсеаи гардишгарии Тоҷикстон эълом кард: То замоне, ки хатари бемории коронавирус рафъ нашавад аз ироаи хадамоти гардишгарӣ ва вуруди гардишгарон худдорӣ мешавад.
Ба гузориши радиои бурунмарзии Садои Хуросон ба нақл аз Ховар, Кумитаи тавсеаи гардишгарии назди ҳукумати Тоҷикистон дар иттилоияе эълом кард: Ба ироадиҳандагони хадамоти гардишгарӣ иттилоъ дода мешавад, ки ба манзури ҷилавгирӣ аз шуйюи коронавирус, таъмини амалкарди саҳеҳи системи назорати беҳдоштии кишвар, мутобиқи баёнияи муштараки Созмони ҷаҳонии гардишгарӣ ва Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ аз хадамоти гардишгарӣ, вуруд ва азимати гардишгарон то замони рафъ нашудани хатари ибтило ба бемории коронавирус ҷилавгирӣ хоҳад шуд.
Дар ин баёния аз ширкатҳои мусофиратӣ хоста шудааст, ки бо ҷиддият дастуруламали фавқро риоят ва аз созмон додани ҳаргуна сафар ва мусофирати дохилӣ ва байналмиллалие, ки метавонад ҷони дигаронро ба хатар бияндозад, худдорӣ кунанд.