Паёми сафири Эрон дар Тоҷикистон ба муносибати фаро расидани рӯзи бузургдошти Фирдавсӣ
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i53645-Паёми_сафири_Эрон_дар_Тоҷикистон_ба_муносибати_фаро_расидани_рӯзи_бузургдошти_Фирдавсӣ
Сафири Эрон дар Тоҷикистон фаро расидани рӯзи бузургдошти Фирдавсиро табрик гуфт
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Май 14, 2020 16:12 Asia/Dushanbe
  • Паёми сафири Эрон дар Тоҷикистон ба муносибати фаро расидани рӯзи бузургдошти Фирдавсӣ

Сафири Эрон дар Тоҷикистон фаро расидани рӯзи бузургдошти Фирдавсиро табрик гуфт

Муҳаммадтақии Собирӣ, сафири Ҷумҳурии исломии Эрон дар Тоҷикистон, дар паёме ба муносибати рӯзи бузургдошти Ҳаким Абулқосими Фирдавсӣ, "Шоҳнома"-и Фирдавсиро илҳомбахши бисёре аз осори ҳамосӣ дар адаби форсӣ донист.

Муҳаммадтақии Собирӣ навишт: Дар тақвими Эрон, рӯзи 25-уми урдубиҳишт ба номи рӯзи бузургдошти Ҳаким Абулқосими Фирдавсӣ номгузорӣ шудааст.

"Шоҳнома" агарчи бегумон шоҳкоре мондагор ва асаре гаронмоя барои эронитаборон ва ҳамаи порсизабонон аст, бешак паёми ҳақталабона ва ҷаҳоншумули он, дар канори барҷастагиҳоги адабӣ ва достонҳои ҳамосии он, алоқамандони ин асари мондагорро аз марзҳо фаротар бурда ва адибон ва пажӯҳишгарони бисёреро дар ҳамаи ҷаҳон, бар хони рангини он нишондааст.