Май 14, 2020 19:52 Asia/Dushanbe
  • Кӯмаки Вазорати дифои Чин ба низомиёни тоҷик

Вазорати дифои Чин кӯмакҳои таҷҳизотӣ барои муқобила бо коронавирус дар ихтиёри низомиёни Тоҷикистон қарор дод.

Ба нақл аз сомонаи Азия Плюс, Ориф Нозимиён, сухангӯи Вазорати дифои Тоҷикистон гуфт, ки ин кӯмакҳо тавассути як фарванд ҳавопаймои таробарии артиши Чин ба Душанбе мунтақил шуд.

Вай таъкид кардааст, ки ин кӯмакҳо шомили 13 навъ таҷҳизот ва лавозими мавриди ниёзи Вазорати дифои Тоҷикистон, барои мкқобила бо коронавирус мешавад, ки танҳо қимати дастгоҳҳои танаффуси маснӯӣ, 2 миллион юани чинӣ аст.

 

Барчасп