Май 16, 2020 19:22 Asia/Dushanbe
  • Таъсиси Хадамоти нави давлатии назорати беҳдоштӣ дар Тоҷикистон

Раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар фармоне таъсиси хадамоти нави давлатии назорати беҳдоштӣ дар ин кишварро эълом кард.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Спутник, бар асоси ҳукми Эмомалӣ Раҳмон идораи назорати беҳдоштӣ, ки қаблан ниҳоди вобаста ба Вазорати тандурустии Тоҷикистон буд, акнун ба хадамоти мустақили давлатӣ табдил мешавад.

Дар фармони раиси ҷумҳури Тоҷикистон таъкид шудааст, ки ин хадамот шомили раис, ду муовин ва 36 корманд хоҳад шуд, ки се дастгоҳ худрави идорӣ ниёз хоҳад дошт.

Вазорати молияи Тоҷикистон муваззаф шудааст, ки будҷети мавриди ниёзи хадамоти давлатии назорати беҳдоштиро таъмин кунад.

Ба Вазорати тандурустӣ ва Кумитаи давлатии мудирияти амволи давлатӣ ва сармоягузории Тоҷикистон дастур дода шудааст, ки сохтмони маҳалли кор, озмоишгоҳҳо, таҷҳизот ва васоили мавриди ниёзи ин хадамотро фароҳам созанд.

Барчасп