204 бемори нави КОВИД-19 ва се фавтидаи дигар дар Тоҷикистон
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i53704-204_бемори_нави_КОВИД_19_ва_се_фавтидаи_дигар_дар_Тоҷикистон
Вазорати тандурустии Тоҷикистон эълом кард: Дар 24 соати гузашта се нафари дигар дар ин кишвар бар асари мубтало шудан ба КОВИД-19 ҷон бохтанд.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Май 16, 2020 15:11 Asia/Dushanbe
  • 204 бемори нави КОВИД-19 ва се фавтидаи дигар дар Тоҷикистон

Вазорати тандурустии Тоҷикистон эълом кард: Дар 24 соати гузашта се нафари дигар дар ин кишвар бар асари мубтало шудан ба КОВИД-19 ҷон бохтанд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Азия-Плюс, бо дар назар гирифтани омори имрӯзи Вазорати тандурустии Тоҷикистон то рӯзи шанбе 16 май, теъдоди кулли мавориди фавт  бар асари коронавирус  дар ин кишвар ба 36 нафар расид.

Дар Тоҷикистон ҳамчунин бо шиносоии 204 бемори КОВИД-19 дар 24 соати гузашта, теъдоди кулли мубталоён ба ин беморӣ акнун ба як ҳазору 322 нафар расидааст.

Вазорати тандурустии Тоҷикистон ҳамчунин аз таҳти карантин қарор доштани чаҳор ҳазору 326 нафари гумонбар ба доштани коронавирус  дар бемористонҳои ин кишвар хабар дод.

Дар ҳамин ҳол бо мушорикати мутахассисон, вирусшинонсон ва пизишкон дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук, мабоҳисе  дар мавриди роҳҳои пешгирӣ аз густариши коронавирус идома дорад.

Гавҳар Саидмуродова- мутахассиси бемориҳои кудакон дар Вазорати тандурустии Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки барои ҷилавгирӣ аз густариши коронавирс  дар ин кишвар як моҳ карантини умумӣ  иҷроӣ гардад.