Май 17, 2020 14:56 Asia/Dushanbe
  • Пардохти қарзи хориҷии Тоҷикистон бо воми Фонди байналмиллалии пул

Бахше аз кумаки 189 миллион долларии Фонди байналмиллалии пул барои бозтамвили қарзи хориҷии Тоҷикистон дар соли равон ҳазина хоҳад шуд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи ТоҷикТа, мақомоти Вазорати молияи Тоҷикистон гуфтаанд, ки ин мизон кумак барои ҳимоят аз будҷети ҳукумат рӯзи ҳаштуми май аз Фонди байналмиллалии пул ба Душанбе мунтақил шуд.

Ин мақомот гуфтаанд ба далели густариши коронавирус ва таътилии марокизи саноатӣ ва тиҷорӣ дар Тоҷикистон, ки муҷиби коҳиши қобили мулоҳизаи бахши даромадии будҷети ҳукумат  дар соли равон мешавад, бахше аз ин кумак барои бозтамвили қарзҳои хориҷии Тоҷикистон ҳазина хоҳад шуд.

Фонди байналмиллалии пул пас аз ҳашт сол акнун дар шароити густариши коронавирус, бо ихтисос додани  қарзи 189 миллион долларӣ ба Тоҷикистон таҷдиди назар дар бахши даромадии будҷети ҳукумати ин кишварро хостор шудааст.

Манобеи Вазорати молияи Тоҷикистон мегӯянд, ки Фонди байналмиллалии пул хостори коҳиши се миллиарду 200 миллион сомони (баробар бо 225 миллион доллар)-и бахши даромадии будҷети ҳукумат аз ҳисоби андоз шудааст.

Ҳамчунин ин ниҳод аз ҳукумати Тоҷикистон хостааст, ки бахши ҳазинаии будҷети хешро ба мизони як миллиарду 200 миллион сомонӣ (баробар бо 117 миллион доллар) коҳиш диҳад.