Май 18, 2020 09:44 Asia/Dushanbe
  • Даргузашти се генерали тоҷик дар чаҳор рӯзи ахир

Дар чаҳор рӯзи ахир се генерали тоҷик ба асари беморӣ даргузштаанд ва мақомот мегуянд фавти онҳо ба коронавирус иртибот надорад.

Ба гузориши радиои бурунмарзии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Ахбори Осиёи Марказӣ, генерал Абдураҳмон Азимов- фармондеҳи пешини нерӯи марзбонии Тоҷикистон дар 70 солагӣ дар шаҳри Кулоб даргузашт.

Наздикони генерал Азимов мегуянд вай дар солҳои ахир аз бемории қалб ва диябет ранҷ мекашид.

Вай дар симатҳои дабири Шурои амният, муовинати нахуствазирӣ ва намояндагии Маҷлиси қонунгузории Тоҷикистон фаолият кардааст.

Саиданвар Камолов- генерали банафақабаромада ва вазири собиқи амнияти миллии Тоҷикистон низ рӯзи якшанбе дар 70 солагӣ даргузашт.

Вай ба гуфтаи наздиконаш дар бемористони рақами 1 шаҳри Душанбе ба иллати мушкилоти танаффусӣ бистарӣ шудааст.

Ҳамчунин генерали банафақабаромада Абдуназар Абдуҳасанов- муовини собиқи вазири дифои Тоҷикистон се рӯз пеш дар 77 солагӣ даргузашт.

Иллати марги вай эълом нашудааст.

 

Барчасп