Май 19, 2020 11:33 Asia/Dushanbe
  • Пахш кардани маводи ғизоӣ байни коргарони муҳоҷир дар Русия

Шаҳрвандони тоҷик дар Русия 37 тонна ғизо ба коргарони муҳоҷир кумак расониданд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Авесто, ҳамватанони саховатпеша муҳоҷиронеро, ки дар паи паҳншавии коронавирус дар Русия дар ҳолати ногувор қарор гирифтанд, дастгирӣ мекунанд.

Бо ҳамин ҳадаф 757 оилаи муҳоҷироне, ки дар Маскав ва вилояти Маскав ҳамчунин 160 хонаводаи ниёзманд аз кишварҳои гуногуни Осиёи Марказӣ бо маводи ғизои ниёзи аввал таъмин шуданд.

Дар умум 917 хонавода соҳиби маводи ғизоӣ шуд: 110 қуттӣ ба кудаконии бепарастор ва ниёзмандон, 130 зодагони Узбакистон, 55 хонаводаҳо аз Қирғизистон, 60 - муҳоҷири аз Афғонистон омада. Ҳамчунин варзишкори машҳури тоҷик Аъзам Ғаффоров низ ба ин рӯйдоди хайрхоҳона ҳамроҳ шуд ва ба анбори ширкат 10 тонна картошка овардааст. Бо хоҳиши ӯ ба ҳар хонаводаи тоҷик 20-килоӣ картошка дода шуд.

Муҳоҷирони ниёзманд аз дасти саховатмандон биринҷ, гречка, орд, макарон, шакар, намак, руған, шир, чой, хурмо, картошка, пиёз ва сабзӣ гирифтанд.