Мусодираи амволи Зайд Саидов дар шаҳри Душанбе
Мақомоти Тоҷикистон хонаи Зайд Саидов дар яке аз хиёбонҳои шаҳри Душанберо мусодира карданд.
Ба гузориши радиои бурунмарзии Садои Хуросон ба нақл аз саҳифаи Фейсбуки Зайд Саидов, Хайруллоҳ Саидов- писари Зайд Саидов эълом кард: Хонаи рақами 3 дар шаҳри Душанбе дар авалҳои январи соли 2020 мусодира шуд, аммо вай ин мавзӯъро ба далели фаро расидани солгарди дастгирии падараш эълом кард. Вай гуфт: Ин бино ба номи Зайд Саидов сабт шудааст, ки пас аз дастгирии ӯ ба як ширкат иҷора дода шуд. Вай гуфт: Маълум шуд, ки ин мулк аз сӯи Кумитаи давлатии сармоягузориҳо ва мудирияти амлоки давлатии таҳти назорати давлати Тоҷикистон ба ҳамроҳи дигар мулкҳои Саидов мусодира шуд ва онҳо иллати мусодираро ҷамъоварии мол тариқи муҷримона ва номашруъ эълом карданд. Зайд Саидов- вазири собиқи саноати Тоҷикистон 19 майи 2013 пас аз бозгашт аз Париж, дар фурудгоҳи Душанбе, дастгир шуд рузи баъд намояндагони Маҷлиси Тоҷикистон вайро аз масунияти маҷлис маҳрум карданд.
Дар 25 декабри 2013 ӯ ба 26 сол зиндон маҳкум шуд ва дар ёздаҳуми августи 2015 ба иллати ҷурмҳои иқтисодӣ се соли дигар ба маҳкумияти ӯ афзуда шуд. Додгоҳ ҳамчунин Саидовро ба пардохти ҷаримаи 34 миллион сомонӣ маҳкум кард.
Бар асоси эъломи Кумитаи андози Тоҷикистон дар соли 2013, Зайд Саидов соҳиб ва молики 13 ширкат буд.