Шиносоии 207 бемории ҷадид дар Тоҷикистон
Вазорати тандурустии Тоҷикистон эълом кард дар 24 соати гузашта 207 бемори ҷадиди Ковид-19 дар ин кишвар шиносоӣ шудааст.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи иттилорасонии Вазорати тандурустии Тоҷикистон, бо дар назар гирифтани мавориди ҷадид, то рӯзи сешанбе 19 май теъдоди кулли мубталоён ба Ковид-19 дар ин кишвар ба 1936 нафар расидааст.
Бар асоси ин гузориш тайи 24 соати гузашта ҳеҷ мавриди фавт бар асари корона дар Тоҷикистон сабт нашудааст ва омори фавтшудагон бидуни афзоиш нисбат ба дирӯз, ҳамон 41 нафар эъло шудааст.
Ин дар ҳолест, ки сомонаи www.kvtj.info ки омори афроди фавтшуда аз вируси корона дар Тоҷикистонро бо истинод ба иттилооти бастагони онон бо зикри ному номи хонаводагӣ, синну сол ва шуғл мунташир мекунад, навиштааст, ки то зуҳри 19 май теъдоди кулли фавтиҳо бар асари Ковид-19 ба 279 нафар расидааст.