Пешниҳоди иҷрои як моҳ карантини шадид дар Тоҷикистон
Теъдоде аз пизишкони тоҷик дар хориҷ ва дохили Тоҷикистон як моҳи карантини шадидро барои ҷулугирӣ аз густариши вируси корона дар ин кишвар пешниҳод карданд.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Осиё Плюс, дар мизи гирд баррасии роҳҳои ҷулугирӣ аз густариши вируси корона дар Тоҷикистон ки бо ҳузури шаш пизишки тоҷики муқими Россия, Сербистон ва Тоҷикистон аз тариқи фазои маҷозӣ ва бо мусоидати ширкати телевизионии Осиё баргузор шуд, тарҳи якмоҳаи карантини шадиди саросарӣ дар саросари Тоҷикистон ироа гардид.
Қамариддин Ҳисомов пизишки тоҷики муқими Россия, ки ба дармони беморони мубтало ба вируси корона машғул мебошад таъкид кардааст, ки бидуни иҷрои карантини шадид имкони ҷулугирӣ аз густариши ин беморӣ дар Тоҷикистон вуҷуд надорад.
Зиёратшоҳ Қодиров пизишки муқими Россия низ пешниҳоди ғарболгарии саросарии барои сокинони Тоҷикистонро яке аз роҳҳои шиносоии афроди олуда ба вируси корона унвон кардааст.
Умар Азизов пизишки тоҷики муқими Сербистон ҳам ки бо беморони мубтало ба вируси корона сарукор дорад муътақид аст, ки бидуни иҷрои карантин ба муддати як моҳ дар Тоҷикистон наметавон дар раванди муқобила бо ин бӯҳрон муваффақ буд, зеро дар аксари маворид афрод мубтало шудани хешро намефаҳманд ва бидуни озмоиш намешавад вуҷуди вируси коронаро тайид кард.
Дар поёни ин нишаст Гавҳар Саидмуродова мутахассиси бемориҳои уфунии кӯдакон дар Вазорати тандрустии Тоҷикистон гуфтааст, ки тарҳи эъмоли як моҳ карантини шадид дар кишвар ба манзури пешгирӣ аз густариши вируси коронаро расман ба ҳукумат ироа хоҳад кард.