Маҳрум будани зиндониёни ҳабси абад дар Тоҷикистон аз имкони тамоси телефони
(last modified 2020-05-20T03:36:09+00:00 )
Май 20, 2020 08:36 Asia/Dushanbe
  • Маҳрум будани зиндониёни ҳабси абад дар Тоҷикистон аз имкони тамоси телефони

Хешовандони зиндониёни маҳкум ба ҳабси абад дар Тоҷикистон мегуянд ба онон муҷавизи тамоси телефони бо бастагони зиндониёнашон дода намешавад.

Ба нақл аз сомонаи Тоб Ти Ҷи , масулони Созмони зиндонҳои Тоҷикистон мегуянд ,ки имкони тамоси телефони миёни зиндониён ва аъзои хонаводаҳои ононро дар шароити густариши Корона фароҳам кардаанд ва фазои нигаҳдории ин афрод дар муқоиса бо берун ба маротиб амнтар аст.

Бо ин ҳол наздикони афроди ба зиндони абад маҳкум шуда аз ҷумла аъзои аршади Ҳизб дар Тоҷикистон мамнуъи Наҳзати исломӣ гуфтаанд ,ки ба онон иҷозаи тамоси телефониро намедиҳанд.

Аз ҷумла Савринисо Ҷурабекова ҳамсари Муҳаммаалӣ Ҳайитов узви аршади ба зиндони абад маҳкум шудаи Ҳизби Наҳзати исломӣ эълон кардааст ,ки мудирияти боздоштгоҳи шумораи як и шаҳри Душанбе ба вай гуфтаанд ,ки  тамоси телефони бо афроде ,ки дар боздоштгоҳ ҳастанд, мамнуъ мебошад.

Бар асоси қавонини Тоҷикистон афроди ба зиндони абад машкумшуда дар боздоштгоҳи мувақат нигаҳдори мешаванд ,ки бо густариши вируси Корона наздикони онон ба шидат нигарони вазъи саломатии бастагони хеш мебошанд.

Ҳамчунин Лутфуллоҳ Сайфулозода писари Ҳикматуллоҳ Сайфуллоҳзода, дигар узви аршади Ҳизби Наҳзати исломӣ гуфтааст ,ки аз вазъи саломатии падараш ,ки 70 солааст ва аз бемории қалб ва фишори хуни боло ранҷ мебарад, нигарон мебошад.

Барчасп