Парвози вижа барои хориҷ кардани муалимони рус аз Тоҷикистон
(last modified Wed, 20 May 2020 03:52:46 GMT )
Май 20, 2020 08:52 Asia/Dushanbe
  • Парвози вижа барои хориҷ кардани муалимони рус аз Тоҷикистон

Шурои федератсиони Русия эълон кард Маскав барои хориҷ кардани омӯзгорони рус ,ки дар мадрасаҳои Тоҷикистон тадрис мекунанд як парвози ихтисосӣ хоҳад гузошт.

Ба нақл аз сомонаи Спутник, ин тасмим пас аз баррасии ин мавзуъ дар дидори мақомоти масули Русия ва Тоҷикистон гирифта шудааст.

Ба даоели густариши вируси Корона ҳукумати Тоҷикистон имсол давраи таътилии мадрасаро зудтар аз солҳо пеш оғоз кард ва акнун бояд омӯзгорони рус ба Русия бозгарданд.

Ба гуфтаи Лайло Гумарова раиси Кумитаи Шурои федератсиони Русия дар умури илм , маориф ва фарҳанг як фарванд ҳавопаймо рӯзи 25 моҳи май дар парвозе 48 омӯзгори русро аз Душанбе ба Маскав мунтақил хоҳад кард ва ин афрод пас аз фурукаш кардани буҳрони вируси Корона ба Тоҷикистон бар мегарданд.

Ин омӯзгорон дар 20 мадраса дар шаҳрҳои Душанбе Хуҷанд, Бохтар ва Кулоб ба тадриси риёзиёт  ( математика ) , физика , химия ва зистшиносӣ ба забони руси машғул ҳастанд.