Поёни даъвати ҷавонон барои хидмати сарбозӣ дар Тоҷикистон
(last modified Fri, 22 May 2020 13:19:16 GMT )
Май 22, 2020 18:19 Asia/Dushanbe
  • Поёни даъвати ҷавонон барои хидмати сарбозӣ дар Тоҷикистон

Даъвати ҷавонон ба сафи артиш, барои хидмати сарбозӣ, дар Тоҷикистон қабл аз итмоми замони расмӣ поён ёфт.

Ба иттилои Вазорати дифои Тоҷикистон, зарфияти нерӯи сарбози мавриди ниёзи нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон 10 рӯз зудтар аз поёни расмии даъвати ҷавонон ба хидмати сарбозӣ дар фасли баҳор такмил шуд.

Ба гуфтаи сарҳанг Ориф Нозимиён, раиси маркази матбуоти Вазорати дифои Тоҷикистон, фаъолият барои даъвати баҳораи ҷавонон барои хидмати сарбозӣ дар сафи нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон 100 дарсад комил шудааст.

Нозимиён афзуд, баъд аз ҷазби ҷавонон, инҳо дар воҳидҳои низомӣ тақсим мешаванд.

Ӯ афзуд, тамоми афроде, ки синни инҳо байни 18 то 27 сол буд ва дорои шароити таъхир ё муофият аз хидмати сарбозӣ набуданд, дар ин давра ба сарбозӣ мераванд .