Паёми табрики раиси ҷумҳури Тоҷикистон ба муносибати иди Фитр
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i53920-Паёми_табрики_раиси_ҷумҳури_Тоҷикистон_ба_муносибати_иди_Фитр
Раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар остонаи иди саиди Фитр аз мардуми кишвараш хост ба сурати ҷиддӣ муқаррароти беҳдоштӣ ва тавсияҳои мутахассисони вазорати тандурустиро барои ҷилавгирӣ аз шуйюи коронавирус риоят кунанд.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Май 23, 2020 14:37 Asia/Dushanbe
  • Паёми табрики раиси ҷумҳури Тоҷикистон ба муносибати иди Фитр

Раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар остонаи иди саиди Фитр аз мардуми кишвараш хост ба сурати ҷиддӣ муқаррароти беҳдоштӣ ва тавсияҳои мутахассисони вазорати тандурустиро барои ҷилавгирӣ аз шуйюи коронавирус риоят кунанд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Спутник, Эмомалӣ Раҳмон рӯзи шанбе фаро расидани иди саиди Фитрро ба мардуми Тоҷикистон табрик гуфт ва афзуд: Имсол мусулмонони дунё моҳи Рамазонро дар шароити шуйюи коронавирус пушти сар гузоштанд.

Раҳмон зимни ибрози ҳамдардии амиқ бо хонаводаи қурбониёни коронавирус дар Тоҷикистон, аз даргоҳи Офаридгор барои онон сабри ҷамил хостор шуд.

Вай ҳамчунин гуфт: Коронавирус нишон дод Тоҷикистон хусусан дар масъалаи омода кардани кадрҳо ва таъминот бо таҷҳизоти муосири тиббӣ ва доруворӣ ҳанӯз мушкилоти зиёде дорад.

Раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар паёми табрики худ аз коркунони соҳаи тиб ва  дармони ин кишвар, ки дар рӯзҳои сахт шабонарӯз дар хидмати мардум ҳастанд, қадрдонӣ кард.

Раҳмон ҳамчунин аз шаҳрвандони саховатманди Тоҷикистон дархост кард ба ниёзмандон, ятимон ва маъюбон расидагӣ кунанд.

Дар Тоҷикистон аз иди саиди Фитр рӯзи якшанбе таҷлил мешавад, аммо имсол намози иди Фитр ба далели шуйюи коронавирус баргузор нахоҳад шуд.