Бозгардондани ҳудуди 200 шаҳрванди Тоҷикистон аз Туркия
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i53921-Бозгардондани_ҳудуди_200_шаҳрванди_Тоҷикистон_аз_Туркия
194 нафар аз шаҳрвандони Тоҷикистон, ки ба далели қатъи парвозҳо дар пайи густариши коронавирус се моҳ дар Туркия гирифтор шуда буданд, имрӯз бо як ҳавопаймои ширкати Туркиш Эйр ба Душанбе оварда шуданд.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Май 23, 2020 19:31 Asia/Dushanbe
  • Бозгардондани ҳудуди 200  шаҳрванди Тоҷикистон аз Туркия

194 нафар аз шаҳрвандони Тоҷикистон, ки ба далели қатъи парвозҳо дар пайи густариши коронавирус се моҳ дар Туркия гирифтор шуда буданд, имрӯз бо як ҳавопаймои ширкати Туркиш Эйр ба Душанбе оварда шуданд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Ховар, ин афрод пас аз вуруд ба Душанбе ба муддати ду ҳафта дар карантин қарор дода шуданд.

Аз сӯи дигар Вазорати корҳои хориҷаи Тоҷикистон эълом кардааст, ки ба далели баста шудани марзҳои заминии кишварҳои минтақа талош мекунад бо тавофуқ бо теъдоде аз кишварҳо шаҳрвандони худро бо чанд парвоз баргардонад.

Дар чорчуби ин барнома қарор аст рӯзи 29 май теъдоде аз шаҳрвандони Тоҷикистон бо ду парвози ширкати Сомон Эйр аз Дубай ба Душанбе оварда шаванд.

Ҳамчунин давлати Ҳинд эълом кардааст, ки наздик ба ҳазору 500 нафар аз шаҳрвандони худро бо чанд парвоз аз Тоҷикистон хориҷ хоҳад кард.