362 мавриди ҷадиди Ковид-19 дар Тоҷикистон бидуни афзоиши фавтидагон
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i53951-362_мавриди_ҷадиди_Ковид_19_дар_Тоҷикистон_бидуни_афзоиши_фавтидагон
Вазорати тандурустии Тоҷикистон эълон кард, то асри рӯзи душанбе 362 бемори ҷадиди Ковид-19 дар ин кишвар шиносоӣ шудааст.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Май 25, 2020 18:04 Asia/Dushanbe
  • 362 мавриди ҷадиди Ковид-19 дар Тоҷикистон бидуни афзоиши фавтидагон

Вазорати тандурустии Тоҷикистон эълон кард, то асри рӯзи душанбе 362 бемори ҷадиди Ковид-19 дар ин кишвар шиносоӣ шудааст.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи вазорати тандурустии Тоҷикистон, бо дар назар гирифтани мавориди ҷадид то асри рӯзи душанбе 25 май теъдоди кулли мубталоён ба Ковид-19 дар Тоҷикистон ба 3 ҳазору 100 нафар расид.

Дар шабонарӯзи душанбе омори фавтиҳо бар асари корона бидуни тағйир боқӣ монда ҳамон 46 нафар эълон шудааст.

Ҳамчунин 1395 нафар аз беморони шифоёфта аз бемористонҳои Тоҷикистон мураххас шудаанд ва 2777 нафарҳамчунон дар марокизи дармонӣ бистарӣ мебошанд.